Дар назди Кохи «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода бо иштироки масъулини ҳукумат, кишоварзон, ҳунармандон, ва доираи васеи сокинон бо шукӯҳу шаҳомат, шодию сурур, гулханфурӯзӣ, рақсу таронаҳо, оростани хони пурнозу неъмат ҷашни суннатии Сада таҷлил гардид. Иштирокчиёни маросим, аз ҷумла кишоварзон аз фарорасии ҷашни бузурги бостонии Сада ҳушҳолӣ намуда, дар ин рӯз ҳамдигарро шодбош гуфтанд.
Тавре котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоишгоҳи ҷашни Сада дастовардҳои сокинони шаҳр дар даврони соҳибистиқлолӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, гӯшаеро боғдорону хоҷагидорони шаҳр бо номгӯи зиёди ниҳоли дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз, мевадиҳанда, гулу буттаҳои гуногун, тухмии зироат ба сокинони шаҳр пешниҳод намуда буданд. Ба намоиш гузоштану пешниҳоди сокинон намудани маҳсулоти фаровон дар таҷлили ин ҷашни ниёгон далели рушди соҳаи кишварзӣ дар шаҳри Турсунзода мебошад.
Дар маросими бошукӯҳ зикр гардид, ки Сада – ин мавсими омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Ҳангоми фаро расидани ин ҷашни бостонӣ деҳқонон ба такопӯ даромада, ба баҳор омодагӣ мегиранд, техникаҳои кишоварзӣ таъмир шуда, ба мавсими нави кишту кор тайёр карда мешаванд.
Дар намоишгоҳи ҷашнӣ намудҳои зиёди техникаву механизм ва дигар мошинолоти кишоварзӣ, ки барои кишту кори баҳорӣ омодаанд, ба маъраз гузошта шуданд. Ин аз тайёрии ҳамаҷонибаи хоҷагидорони шаҳр ба мавсими кишту кори баҳорӣ дарак медиҳад.
Дар ҷашни Сада ҳамчунин гӯшаҳои машваратӣ амал намуда, аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба ба кишоварзон, дар маҷмӯъ иштирокдорони намоишгоҳ тарзи дурусти агротехникаи парвариши зироати кишоварзӣ, боғу токпарварӣ ва дигар нозукиҳои соҳа шарҳ дода шуд.
АМИТ «Ховар»