Модарон аз ноҳияи Хуросон ба дидани муҳофизони Ватан рафтанд

Гурӯҳи занон — модарон аз ноҳияи Хуросон ҳамроҳи фаъолзанҳо 19 январ ба дидани афсарон ва сарбозони қисми низомии неруҳои хушкигард, воқеъ дар ҷамоати Фахрободи ноҳияи Хуросон рафтанд.

Дар ин чорабинӣ намояндагони комиссариати ҳарбӣ, шуъбаҳои кор оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Хуросон, модарон ва даъватшавандагон ширкат варзиданд.

Модарон бо шароити хидмати ҳарбӣ ва иқомати сарбозон дар ин қисми ҳарбӣ шинос шуданд.

Зимни суҳбат зикр карда шуд, ки хидмати ҳарбӣ — қарзи шаҳрвандии ҳар шаҳрванди ватандӯсти кишвар мебошад.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда ба беҳтар намудани шароити хидмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ диққати махсус медиҳанд.

Ба хизматчиёни ҳарбӣ зиёфати идона ва барномаи консертии аз ҷониби раёсати фарҳанги ноҳияи Хуросон омодашуда пешниҳод карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: