Барои дар амал татбиқ намудании ҳадафҳои асосии Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар вилояти Хатлон давоми солҳои 2019-2020 бо ташаббуси соҳибкорон 3 ферма барои парвариши ҳайвоноти калон ба истифода дода шуд. Айни ҳол дар ин фермаҳо 1527 сар чорвои зотӣ парвариш меёбанд.
Тавре аз маркази иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, барои амалигардонии рушди устувори соҳаи чорводорӣ ва мусоидат намудан дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» қабул гардид. Ин барнома ба рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумору истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гӯшту шир ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд.
Солҳои охир ба вилоят аз тарафи соҳибкорони ватанӣ чорвои зотӣ ва наслдиҳандаи сергӯшту сершир аз давлатҳои Германия, Федератсияи Россия, Украина ва Беларус ворид карда шуд. Соли 2020 соҳибкорони маҳаллӣ аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — Исо Холматов ва аз ноҳияи Фархор — Абдуманнон Шарипов аз хориҷи мамлакат чорвои зотӣ ворид намуданд.
Инчунин роҳбарони ҶДММ «Мармарӣ»-и Ҷамоати деҳоти «Обшорон»-и ноҳияи Ёвон аз Украина 303 сар чорвои зотӣ ворид намуданд. Дар ин раванд ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироат дар соҳаҳои растанипарварӣ ва маҳсулнокии чорво бисёр муҳим мебошад.
АМИТ «Ховар»