Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар»: Дар Тоҷикистон то пирӯзӣ ба бемории COVID-19 як қадами дигар мондааст

Тибқи омори расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат беш аз 99%-и гирифторони COVID-19  шифо ёфтаанд.

Дар ҳоле, ки феълан баъзе кишварҳои ҷаҳон бо хатари мавҷи дуюми ин беморӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Албатта, метавон ин заҳмату талошҳои шабонарӯзии табибон ва дастоварди олимони соҳаро дар самти ташхису табобат ва пешгирӣ аз бемории COVID-19  калидӣ унвон намуд. Зеро масъулин тавонистанд, ки бо андешидани тадбирҳои саривақтӣ хатари бемориро дар ҷумҳурӣ бартараф намоянд. Ин матлабро директори маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Мирзозода зимни суҳбат дар барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» иброз дошт.

Шакли пурраи суҳбатро имрӯз, 14 январ, соати 09:30 (асл) ва такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 метавонед аз Радиои «Ховар» дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода бишнавед.

АМИТ «Ховар»

Tags: