Агентии авиатсияи гражданӣ: Дар хариди чиптаҳои парвоз эҳтиёт намоед, то дучори қаллобон нагардед!

Чанде қабл, баъзе расонаҳо хабар доданд, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳои доимии худро барқарор карда, ба фурӯши чиптаҳои парвоз шурӯъ кардаанд ва парвозҳои байналмилалӣ аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ва баръакс мунтазам анҷом дода мешаванд.

«Ин хабар асоси воқеӣ надорад. Парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни кишварҳои болозикр танҳо пас аз ба эътидол омадани вазъи каронавируси нави COVID-19 ва эълони расмӣ аз ҷониби агентии мо барқарор карда мешаванд», — гуфт ба АМИТ «Ховар» директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ААГ) Икром Субҳонзода.

Дар робита ба ин,  Агентии авиатсияи граждании  ҷумҳурӣ аз шаҳрвандони мамлакат  даъват менамоянд, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд ва то нашри изҳороти расмӣ дар бораи барқарор гардидани парвозҳои мунтазам дар  харидани чиптаҳои парвоз эҳтиёт намоянд, то дучори қаллобон нагарданд. Дар айни замон, парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳанӯз барқарор нашудаанд.

«Бори дигар иттилоъ медиҳем, ки барқарории парвозҳои байналмилалӣ ба  Тоҷикистон ва аз он ба хориҷи мамлакат  расман танҳо пас аз беҳтар шудани вазъи каронавируси нави COVID-19 амалӣ карда мешавад», — тазаккур доданд дар Агентӣ

НИАТ «Ховар»

Tags: