Дар Маҷмааи хизматрасонии «Шоми Мастчоҳ» 15 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд

Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Маҷмааи хизматрасонии «Шоми Мастчоҳ» мавриди истифода қарор гирифт. «Шоми Мастчоҳ» бо харҷи зиёда аз 787 ҳазор сомонӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳраки Бӯстон аз ҷониби соҳибкор Фазлиддин Ҳасанов бунёд гардид.  Дар он  барои истироҳату фароғати зиёда аз 280 нафар шароит фароҳам гардида, 15 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд. Дар ин бора аз макомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи маҷмааи хизматрасонии мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бунёди ин иншооти замонавиро барои кулли сокинони ноҳия шодбош гуфта, зикр намуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои созанда ва дастгирию меҳрубониҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ ҳамарӯза вусъат гирифта, сокинони вилоят бо рӯҳбаландию шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба меҳнати созанда машғул мебошанд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид дар назди ҳозирин вобаста ба вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, равнақ бахшидани маъракаи ниҳолшинонию сабзкорӣ, баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ, таъмини фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар давраи зимистон, омодагӣ ба кишти зироати баҳорӣ, захираи озуқаворӣ, пурзӯр кардани корҳо дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории «Ковид-19», риояи ҳатмию қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, дастгирии оилаҳои камбизоат ва шахсони маъюбу ниёзманд фикру мулоҳизаҳои судманд баён кард.

Ёдовар мешавем, ки дар маросими мазкур  инчунин ба 27 нафар ятимони кулл туҳфаҳои молиявӣ ва либосҳои зимистона туҳфа гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: