22 декабр муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ба ноҳияи Спитамен сафар намуда, нахуст аз корхонаи коркарди шири ноҳия дидан намуданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, корхонаи коркарди шир дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати мамлакат бунёд мегардад.
Корхонаи мазкур аз ҷониби ҶСП «Комбинати Шири Душанбе» сохта шуда, маблағи умумии сармоявӣ 7,5 миллион сомониро ташкил дода, аз он 3,5 миллион маблағи умумии сохтмон ва 4 миллион маблағи таҷҳизоти воридшаванда ба ҳисоб меравад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 20 тонна шир дар як баст, аз ҷумла 1 тонна шири хушк дар як шабонарӯз мебошад.
Сипас муовини якуми Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят дар ҶДММ «25-солагии Истиқлолият» бо ҷараёни бунёди коргоҳи иловагии матоъбофӣ шинос шуданд.
Коргоҳи мазкур аз тарафти роҳбарияти ҶДММ «25-солагии Истиқлолият» сохта шуда, соли оянда ба истифода дода мешавад.
Ҳоло ба корхона 28 адад дастгоҳи техникии матоъбофӣ ва 1 адад дастгоҳи техникии асосӣ ворид карда шудааст. Дар нақша аст то ба истифода супоридани коргоҳи иловагии мазкур дастгоҳҳои техникӣ то 60 адад расонида шавад. Ҳамчунин ҷамъият тасмим гирифтааст, ки бинои асосии коргоҳи иловагии матоъбофиро васеъ намуда, корҳои сохтониро оғоз намояд.
Пас аз ба истифода супоридан коргоҳи иловагии мазкур дар 3 баст фаъолият намуда, дар ҳар як баст то 15 нафар, дар маҷмӯъ 45 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Музди меҳнати миёнаи ҳар як корманд аз 1000 то 1200 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин дар ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен маркази савдо ва хизматрасонии «Дӯстӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои маркази савдо ва хизматрасонии «Дӯстӣ» дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муродҷон Каримов бунёд шудааст. Марказ аз ду ошёна иборат буда, дар он панҷ нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.
Зимни ифтитоҳи иншоот таъкид гардид, ки имрӯзҳо чун дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Спитамен низ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёдкориву созандагӣ ҷараён дошта, сокинон бо рӯҳияи болида барои таҷлили шоистаи ҷашни таърихӣ омодагӣ мебинанд.
Ба истиқболи ҷашни таърихӣ мувофиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони 410 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 345 адади он маврди истифода қарор дода шудааст.
АМИТ «Ховар»