Дар Кӯлоб аз як дарахти лимӯ зиёда аз 300 дона ҳосил ба даст оварданд

Роҳбари хоҷагии деҳқонии  Гултеппаи ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб  Хайриддин   Шеров ба лимупарварӣ машғул мебошад, ки  соли равон аз як дарахт зиёда аз 300  дона лимӯ ба даст овардааст.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба  хадамоти матбуотии раиси шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.

Хайриддин  Шеров дар оянда ният доранд, ки масоҳати замини гармхонаҳоро зиёд намоянд.

Ҳамчунин деҳқонони хоҷагии мазкур дар гармхона дар 3 сотих  картошка парвариш намуданд. Инчунин соли равон онҳо  дар гармхона кишти бодирингро низ ба роҳ монданд, ки аз фурӯши он 7000 сомонӣ фоида ба даст овардаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: