Рустами Эмомалӣ зимни мулоқотҳо дар Москва масъала дар бораи муҳоҷирони кории тоҷикистониро ба миён гузоштанд

Барои Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни мулоқотҳо дар парлумон ва бо аъзои ҳукумати Россия вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ мавзӯи муҳим буд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sputnik хабар медиҳад.

Тавре АМИТ Ховар қаблан хабар дода буд, 24-25 ноябр Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни сафари расмии худ ба Федератсияи Россия бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко, муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков, муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Алексей Оверчук ва шаҳрдори Москва Сергей Собянин мулоқот карданд.

Ба гузориши Спутник, Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни мулоқотҳо ва музокирот аз имкони осон сохтани сабти номи коргарон аз Тоҷикистон, эҳёи парвозҳои муназзам ва ҷилавгирии коронавирус дар байни муҳоҷирон ёдовар шуданд.

Ба ғайр аз мулоқотҳо бо Матвиенко, Жуков, Оверчук ва Собянин, Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси Думаи Федератсияи Россия Вячеслав Володин гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд ва масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ ва баргузории эҳтимолии Ассамблеяи парлумонии СААД -ро дар шаҳри Душанбе дар моҳи марти соли 2021 баррасӣ карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: