ТВТ. 26.05.2022. 26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ шинос гардида, ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо афсарону сарбозон суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Комендатураи сарҳадии “Сари ғор”-и Отряди сарҳадии “Шамсиддин Шоҳин” оғоз гардид.
Дар комендатураи сарҳадӣ барои афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳимояи ҳамаҷонибаи марзи давлатиро бо масъулияти баланд ба уҳда доранд, шароити мусоиди хизматӣ ва будубош фароҳам оварда шудааст.
Комендатураи сарҳадии “Сари ғор”, ки аз хобгоҳи сарбозон, ҳуҷраҳои корӣ барои афсарон, хонаҳои хизмати сарҳадӣ, нигоҳдории силоҳу аслиҳа, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ, нуқтаи тиббӣ, ҷойи либосшуӣ, ошхона, майдони сафороӣ, марказҳои таълимӣ, ҳаммом, анборҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ, сару либос, сӯзишворӣ, мошинсарой, ҷойи нишасти чархбол ва дигар иншооти хидмати ҳайати шахсӣ иборат мебошад, соли 2018 дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои ҳозиразамони ҳарбӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Дар ин ҷо ҳамзамон 8 хонаи замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми ашёи рӯзгор бунёд шудааст, ки афсарон метавонанд, дар давраи хизмат бо аҳли оилаи худ истиқомат кунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид изҳор доштанд, ки давлату Ҳукумати мамлакат тайи даврони соҳибистиқлолӣ ба таҳкиму таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои хизмат ва зиндагии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи доимӣ ва аввалиндараҷа дода, дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ ва дигар иншооти заруриро бунёд ва ҷузъу томҳои марзбониро бо техникаву таҷҳизоти муосир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар ашёву лавозимоти ҳарбӣ таъмин намуда истодааст.
Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибихтисос ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ ба талаботи замона мутобиқ гардонида шудаанд ва ин раванд бо истифода аз тамоми имконият идома дода мешавад.
Таъкид гардид, ки вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, фаъол гардидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари бонангу номус ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба хотири ҳимояи хоки муқаддаси Тоҷикистон вазифаҳои хизматии худро содиқона ва бо эҳсоси баланди ватандорӣ иҷро намояд.
Сипас, Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсарони шуҷои Комендатураи сарҳадии “Сари ғор”-ро, ки ба истиқболи Сарвари давлат саф ороста буданд, ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрику таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаи муқаддаси ҳарбӣ далериву шуҷоат ва шарафу комёбӣ орзу намуданд.
Президенти мамлакат зимни суҳбат таъкид намуданд, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангини солҳои аввали истиқлоли давлатии мамлакат дар ҷойи холӣ, бе заминаи моддию техникӣ таъсис ёфта, бо гузашти 28 сол дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии давлату Ҳукумат ба як неруи муқтадири муҳофизи марзу буми Ватан табдил ёфтанд.
Дар давраи бесарусомониҳо аз инфрасохтори ба меросмондаи қисмҳои сарҳадии замони пешин нишонае боқӣ намонда буд. Дар он замон норасоии маводи озуқа, сару либоси низомӣ, техника, яроқу аслиҳа ва дигар муҳимотӣ зарурӣ мушкилоти асосии сарҳадбонон ба ҳисоб мерафт. Сарҳадбонон дар пешбурди фаъолияти хизмати ҳарбӣ бо сабаби набудани инфрасохтори сарҳадӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешуданд. Вале бо дастгириву тадбирҳои саривақтии давлату Ҳукумати мамлакат қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар замони соҳибистиқлолӣ куллан навсозӣ ва бо пешрафтатарин техника, яроқу аслиҳа ва дигар муҳимоти ҷангӣ таъмин карда шуда, ҳоло сарҳадбонони тоҷик барои ҳифзи амнияти ҷомеа, ҳимояи марзҳои кишвар ва истиқлоли давлатӣ хизматро дар шароити мусоид анҷом медиҳанд, ки намунаи барҷастаи он бунёди Комендатураи сарҳадии “Сари ғор” мебошад.
Зимни шиносоӣ бо муҳимоти ҳарбӣ вобаста ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир бобати самаранок истифода бурдану дар ҳолати хуби омодагӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои махсуси низомӣ, техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон ба ҳайати роҳбариву фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат, супоришҳои мушаххас дода шуд.
Баъди боздид аз шароиту имконият Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи ёдгории сарбозону афсарон, ки зимни ҳифзи сарҳади давлатӣ сина сипар намуда, ҷони худро аз даст додаанд, бо нишони эҳтиром гулчанбар гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва нооромию даргириҳои дохилӣ моҳи июли соли 1993 қисмҳои низомии мухолифин – Ташкилоти террористию экстримистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом аз қаламрави Афғонистон ба ноҳияҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ҳамла карданд.
Ҳангоми ҳуҷум намудани Ташкилоти террористию экстримистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом ба дидбонгоҳи сарҳадии 12-уми Тоҷикистону Федератсияи Русия 25 нафар сарҳадбони рус ба ҳалокат расид. Новобаста аз вазъи мураккаб ва нооромии сиёсии минтақаи сарҳадӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли фоҷеа ташриф оварда, бо сарбозон мулоқот анҷом доданд. Ташрифи Роҳбари давлат руҳияи сарбозону афсарони дидбонгоҳи низомиро баҳри ҳимояи марзи давлатӣ қавӣ гардонд.
24 майи соли 1994 дар замони муноқишаҳои мусаллаҳонаи дохилӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дидбонгоҳи сарҳадии “Сари ғор” бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ шинос шуда, дар назди маҷмааи ёдгории сарҳадбонон гулчамбар гузошта буданд.
Боиси таъкид аст, дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастгирии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи навсозии Артиши миллӣ дар тамоми қисму воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ барои афсарону аскарон пойгоҳҳои ҳозиразамони ҳарбӣ бунёд гардид.
Воқеан, имрӯз Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як неруи бузурги ҷангӣ табдил ёфта, сарҳадбонон қодиранд дастоварду манфиатҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намоянд.
Манбаъ: prezident.tj