Миёни Тоҷикистон ва Покистон ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ тақвият меёбад

25 ноябр  Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо аъзои ҳайати расмии Кумитаи сардорони ситодҳои муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Раиси Кумитаи мазкур, генерал Надим Раза, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, вохӯрӣ доир намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амният, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ – терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории самаранок иброз дошта, самтҳои асосии ҳамкории судманди тарафайнро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

АМИТ  «Ховар»

Tags: