24 ноябр Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Роҳбари навтаъйини Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ Такасава Мунео вохӯрӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат иттилоъ доданд.
Зимни вохӯрӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо оид ба якчанд лоиҳаҳои дуҷониба бо мақсади татбиқи рушди устувор дар Тоҷикистон дар самтҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла рушди ҳамкории иҷтимоию иқтисодӣ, иқтисоди рақамӣ, инфрасохтор ва рушди деҳот ибрози назар намуд.
Ҷонибҳо аҳамияти кушодани давраи оғози пешбарӣ ва пешниҳоди дархостҳоро барои барномаи стипендияи «Роҳбарияти Глобалӣ дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор (SDGs)» (SDGs Global Leader Program) таъкид карда, кори Шӯрои ҳамоҳангсози рушди миллиро тасдиқ карданд.
АМИТ «Ховар»