Дар Душанбе доир ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир гардид

19 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таҳлили татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор бахшида ба соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш доир гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода иброз дошт, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар соҳаи тандурустии мамлакат дастовардҳои назаррас ба амал омадаанд.

Махсусан давоми солҳои охир бунёд ва мавриди истифода қарор додани  садҳо муассисаҳои хуштарҳу замонавии тиббӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидани онҳо қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ба шумор мераванд.

Дар идомаи ҳамоиш зикр шуд, ки  дар Тоҷикистон давоми солҳои охир ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар самти коҳиш додани фавти модар ва кӯдак, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВИЧ/СПИД, бемориҳои дилу рагҳо корҳои  назаррас ба анҷом расидаанд ва фаъолият дар ин самт минбаъд низ пурзӯр карда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамиши мазкур  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, намояндаи Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева, шарикони рушд, сардорони раёсатҳои зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат иштирок намуданд.

АМИТ  «Ховар»

Tags: