7 ноябр дар шаҳри Дубай дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Баҳрайн бозии дӯстона анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозии мазкур бо пирӯзии футболбозони Баҳрайн бо ҳисоби 1-0 хотима ёфт. Голи ягонаро Муҳаммад Саад Ал-Ромайҳӣ дар охири қисми аввали бозӣ ба ҳадаф расонд.
Бояд тазаккур дод, ки 12 ноябр дар Дубай дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дуюми дӯстонаи худро бо дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мекунад.
Бозии дӯстона
Баҳрайн — ТОҶИКИСТОН 1:0
Гол: Муҳаммад Саад Ал-Ромайҳӣ, 44-сола.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев (Манучеҳр Ҷалилов, 87), Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 80), Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Абдулмуъмин Забиров (Комрон Турсунов), Эҳсони Панҷшанбе, Илҳомҷон Баротов (Ислом Зоиров, 70), Шериддин Бобоев (Рустам Соиров, 80).
Довари асосӣ: Аҳмад Исса Дарвиш (АМА).
7 ноябр. Дубай. Варзишгоҳи «Police Officers’ Club».
АМИТ «Ховар