30 октябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи сеюми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад

30 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи  якҷояи сеюми  Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дастгоҳи Маҷлиси намояндагон.

Ба иттилои манбаъ, ҷаласаи мазкур соати 09:00 дар  толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28- 29 октябри соли 2020 аз  соати 08:00 то соати 17:00 дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи якум, утоқи 2  ба қайд гирифта мешаванд.

Телефонҳо: 221-13-77, 221-30-84.

АМИТ «Ховар»

Tags: