«Имрӯз, 16 ноябр дар Тоҷикистон бори нахуст ҷашни нави давлатӣ- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 интихоби роҳбари нави давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон, Президенти кунунии кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд ва давоми 25 соли минбаъда ба дурустии он интихоби таърихӣ даҳҳо маротиба итминон пайдо кардем». Бо ҳамин суханони Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони мамлакат ифтитоҳ гардид.
Шукурҷон Зуҳуров изҳор кард, ки «Дар ҳамин рӯз Сарвари муаззами давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири истиқрори сулҳи сартосарӣ, эҷоди ваҳдати миллӣ ва таъмини ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз масъулияти бузурги таърихиро бар дӯши худ гирифт».
Бояд гуфт, ки рӯзҳои мушобеҳи пешвоёни давлатҳо дар як қатор мамолики ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, Британияи Кабир, Канада, Ҳоланд, Қазоқистон ва дигар кишварҳо низ таҷлил мешаванд, ки номҳои хос доранд. Чунончӣ, дар Амрико ин ҷашн бо номи Рӯзи президентҳо таҷлил мешавад, ки аз соли 1855 то ҳоло мақоми ҷашни умумимиллиро доро мебошад.
«Пайдо шудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвими мамлакатамон тасодуфӣ нест, — зикр кард Ш.Зуҳуров ва илова намуд: Ин ҷашн зодаи дигаргуниҳои мусбати давронсоз дар таърихи давлату миллати тоҷик мебошад, ки бидуни шакку шубҳа он ҳама дигаргуниҳо ба номи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии ногусастанӣ дорад. Ин ҷашн таъкиди муҳим ба саҳми бузурги Пешвои миллат дар бунёди Тоҷикистони нав мебошад, ки барои ташаббусҳои осоштаи сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша боз аст. Ин ҷашн шаҳодати равшани сипосу эҳтироми мардум ба хидматҳои фидокоронаи Президенти худ аст. Ин дар навбати худ ба Президенти мамлакат дар талошҳои минбаъда барои хушбахтии миллат ва шукуфоии давлат неруи тоза мебахшад».
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид намуд: «Тоҷикистон барои рушди бештар ҳадафҳои мушаххас дорад, ки дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ифода ёфтаанд. Умедворем, ки ба шарофати истеъдоди стратегӣ ва қобилияти воқеии ояндабинии Президенти мамлакат, ки кафолати эътидоли асосҳои сохти конститутсионӣ дар кишвар мебошад, ба ҳадафҳои гузошташуда даст хоҳем ёфт».
«Имрӯз дар Тоҷикистон ба шарофати сиёсати созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ ба пирӯзии комил расидааст. Дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ пешравиҳо ба назар мерасанд, иқтисод, илм ва фарҳанг пайваста рушд доранд. Ба ин далел Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо итминони комил метавон рамзи ягонагии Президент ва миллат дар роҳи шукуфоӣ ва пешрафти кишвар унвон кард», — чунин хулосабарорӣ кард Шукурҷон Зуҳуров.