Муколамаи сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо тариқи видеоконференсия баргузор шуд

20 октябр ҷаласаи навбатии Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шакли видеоконфернсия  баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҳамоиш муовинони вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмид иштирок намуданд.

Ҷонибҳо атрофи мавзӯъҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо роҷеъ ба ҳамагирии COVID-19, бартараф намудани пайомадҳои он, мубориза бо чолишҳои амниятӣ дар минтақа ва таъмини талошҳои муштарак дар ҳалли вазифаҳои имрӯза табодули афкор намуданд. Ҳайатҳо пиромуни оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист низ ибрози андеша карданд.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода зимни суханронӣ тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рафъи пайомадҳои манфии ҳамагирии COVID-19, таъмини амният ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар соҳаи обро зикр намуд. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси муштараки “Қалби Осиё – Раванди Истанбул” ҷиҳати афзудани самараи амалии ин абзор талош хоҳад кард.

Дар навбати худ Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунии Иттиҳоди Аврупо нақши ин ниҳодро ҷиҳати пешгирӣ аз пайомадҳои манфии COVID-19 ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак муҳим хонд.

Дар интиҳо доир ба масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои навбатии сатҳи баланд дар чаҳорчӯби ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки авлавиятнок мубодилаи афкор сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»

Tags: