Тамринҳои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Варзоб ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамринҳои саҳроии «Амали мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ҳангоми бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва воситаҳо оид ба мудофиаи граждании ноҳияи Варзоб», ки 15 ноябр оғоз гардида, то 19 ноябри соли равон идома меёбанд, ширкат доранд.
«Тамринҳои мазкур тибқи нақшаи барномаҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар соли 2016 дар ноҳияи Варзоб гузаронида шуда истодаанд»,- хабар доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гаржданӣ.
«Барнома оид ба мудофиаи гражданӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба таври ҳамешагӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои офатҳои табиӣ гузаронида мешавад»,- афзуд манбаъ.

 

Tags: