Дар Тоҷикистон барфи аввал борид!

Дар Тоҷикистон, асосан дар ноҳияҳои баландкуҳ, имрӯз барфи аввал,  чуноне мегӯянд, замину замонро сафед кард. Мисли ҳамеша боридани  барфи аввал одамонро хушнуд сохт, зеро аз қадим тоҷикон барфи аввалро фоли нек мешуморанд…

Барфи аввал ҳамеша ғайриинтизор меояд ва одатан тавре, ки дар ҳаёти ҳар инсон гӯё бори нахуст меборида бошад. Новобаста ба синну сол ҳар кадоми мо аз ин муъҷизаи табиат шодӣ мекунем. Зеро вақте ба заррачаҳои зебо ва пурҷилои барф менигарӣ, туро ҳамеша як эҳсоси умед ба рӯзи нек фаро мегирад. Барфи аввал – рамзи накуиву равшанист. Равшанӣ бошад ба кас неру мебахшад.

Мардум мегӯянд: «Тирамоҳ барф барвақт борад – баҳор барвақт меояд»; «Дар замин барф фаровон бошад – анборҳо аз гандум пур мешаванд».

АМИТ «Ховар»

Tags: