Агентии обуҳавошиносӣ: Сармозании бармаҳали тирамоҳӣ пешгӯӣ мешавад, ҳосили расидаи кишоварзиро сари вақт ҷамъоварӣ бояд намуд

Ба иттилои  Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 7 октябри имсол шабона дар ноҳияҳои кӯҳии хоҷагии қишлоқ, дар баландиҳои зиёда аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар  қабати хок сармозании бармаҳали тирамоҳӣ то 0-2 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати пасти ҳаво боиси зиён дидани сабзавоти ноғундошта гардида, нигоҳубин ва чаронидани чорворо мушкил мегардонад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз медорад, ки сардиҳои аввалин ба ҳосили саҳро таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ тавсия  дода мешавад, ки аҳолӣ сари вақт ҳосили расидаи кишоварзиро ҷамъоварӣ намуда,  зироати норасидаро тибқи қоидаҳои агротехникӣ бо пардаи плимерӣ, пахол ва ё маводи бетору пуд бипӯшонанд.

«Ҳамзамон ба бахши чорвопарварӣ бештар бояд диққат дод. Ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳ бояд хеле эҳтиёткору ҳушёр буд»,- иброз медорад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ  доир ба хатари роҳҳо ёдовар шуда, иброз медорад, ки бориш, яхбандӣ ва сармо метавонанд ба ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои кӯҳӣ халал расонанд. Аз ин рӯ аз ронандагон  хоҳиш карда мешавад, ки зимни ҳаракати мошинҳо дар роҳ хеле эҳтиёткор бошанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: