Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот намуданд

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншоот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба мардуми меҳнаткаши ноҳияи Рӯдакӣ барои гузоштани саҳми босазо дар ободиву пешрафти Ватани маҳбуб арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки сокинони ноҳия имрӯзҳо корҳои ободониро ба ифтихори ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ бо азми қавӣ вусъат бахшида истодаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз якуним миллиард сомонӣ равона намудааст.

Инчунин, дар ин давра ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 600 миллион сомонӣ сармояи мустақим ҷиҳати татбиқи 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ҷалб ва аз худ карда шуда, ҳоло 8 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 250 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Дар асоси нақшаи тасдиқшуда то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия бунёду азнавсозии 414 иншооту биноҳои нав, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, роҳу пулҳо, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва дигар корҳои ободонӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз дар 293 иншоот корҳои сохтмон ба анҷом расонида шудаанд.

Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ободониву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар ноҳия аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 10 муассисаи нави таълимӣ ва 104 синфхонаи иловагӣ бо 13 ҳазор ҷойи нишаст ва 29 маркази саломативу бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода супорида шуда, зиёда аз 40 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш ва 94 километр роҳҳои дигар таъмири ҷорӣ карда шудаанд.

Ҳамаи иқдомоти зикршуда, дар навбати аввал, барои боз ҳам ободу зебо шудани ноҳия ва деҳоти он, болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳаллу фасл гардидани бисёр мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватандӯсти ноҳия ва саҳми бештари онҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки имкониятҳои ноҳия дар самти рушди истеҳсолоти саноативу кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тараққӣ додани намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва дигар хизматрасониҳо зиёданд ва зарур аст, ки ба ин соҳаҳо сармояи ватаниву хориҷӣ ба таври васеъ ҷалб карда шавад.

Ҳоло дар ноҳия 128 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 239 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Роҳбарону мутахассисони ноҳия ва соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ вазифадор шуданд, ки суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатиро боз ҳам вусъат бахшанд, зеро барои ин ҳамаи захираву имкониятҳои зарурӣ мавҷуд аст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар ноҳия ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ 431 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 фоиз зиёд шудааст.

Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ супориш гирифтанд, ки таҷрибаи кишоварзону соҳибкорони ноҳияи Рӯдакиро дар самти бунёди гармхонаву сардхонаҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври васеъ ба роҳ монанд.

Дар ноҳия 9 фермаи парвариши чорвои калони шохдор ва 8 корхонаи парандапарварӣ фаъолият дошта, масоҳати кӯлҳои моҳипарварӣ ба 15 гектар ва шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 3100 расонида шуда, соҳибкорон ба нақша гирифтаанд, ки  вақтҳои наздик боз як фермаи парандапарварӣ барои 50 ҳазор сар паранда ва як корхонаи истеҳсоли гӯшти паранда бо иқтидори солонаи ҳазору дусад тонна маҳсулот бунёд намоянд.

Бо дарназардошти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаи тараққӣ додани соҳаи моҳипарварӣ роҳбарону мутахассисони ноҳияи Рӯдакӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки бо истифода аз имкониятҳои мусоиди мавҷуда барои рушди ин соҳа тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Вобаста ба таъмини дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар дар масъалаи омодагӣ ба зимистон таъкид шуд, ки бояд маводи озуқа, сӯзишворӣ ба таври зарурӣ захира гардида, муассисаҳои иҷтимоӣ, шабакаҳои барқ ва роҳҳо ба давраи зимистон омода карда шавад.

Дар зарфи солҳои 1991-2020 дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 111 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди мактабҳо бо 17 330 ҷойи нишаст сохта, бо истифода дода шуд.

Дар самти рушди соҳаи маориф мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ супориш гирифт, ки ташаббусҳои соҳибкоронро дар самти бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва ба чунин муассисаҳо фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари кӯдакон ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд.

Дар робита ба рушду пешрафти соҳаи тандурустӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор шуданд, ки барои бо кадрҳои баландихтисос ва техникаву таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббии ноҳия тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминону боварӣ такъид доштанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ минбаъд низ дар самти ободу зебо кардани диёри хеш саҳми арзишманди худро мегузоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.

Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шукргузори ноҳияи Рӯдакӣ намояндагони касбу кори гуногун Нафиса Худоназарова — донишҷӯ, Зафар Яқубов — собиқадор ва Манижа Назарова – табиб баромад карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: