30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав ташриф оварданд.
Сарвари давлатро фаъолону сокинон бо эҳтироми хосса ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав Комплекси агросаноатии Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Аҳмад»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Комплекси мазкур аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Россия — “Марва-мебел”, коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона, ошхона, гармхона, ҳавзи моҳӣ ва боғу токзор иборат мебошад.
Корхонаи муштараки “Марва-мебел” дар ошёнаи якуми бинои дуошёна ҷойгир мебошад.
Аз кишварҳои Аврупо 16 адад дастгоҳи замонавии мебелсозӣ варид гардида, дар корхона васлу насб карда шудаанд. Вобаста ба фармоиш дар корхонаи навбунёд беш аз 300 номгӯй мебел, аз қабили ҷевону рахти хоб, мизу курсӣ барои хона, корхона, ошхона ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин дарҳои байниҳуҷрагӣ ва кату нишасткурсиҳои гуногунҳаҷм истеҳсол карда мешаванд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур имкон аст дар як шабонарӯз беш аз 8 метри мукааб тахта коркард карда шавад.
Дар корхона маҳсулот асосан вобаста ба фармоиш истеҳсол карда шуда, аз лиҳози тарҳ ва сифат ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Чӯбу тахта, фурнитура ва дигар ашёи хом аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда мешаванд.
Кандакорӣ дар чӯб, ки барои миллати тоҷик меросист, дар корхона васеъ ба роҳ монда шудааст. Ба ин кор нафарони соҳибкасб ва дорои таҷрибаи зиёди корӣ ҷалб шудаанд. Дарҳои байниҳуҷрагӣ ва дигар мебели дар ин корхона истеҳсолшаванда бо усули дастӣ ва бо истифода аз дастгоҳи муосир кандакорӣ мешаванд. Дар корхонаи мебелсозӣ 30 кас бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Сарвари давлат ба масъулин барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхона ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат дастур дода, мутахассисонро ба омӯзонидани нозукиҳои кори мебелсозӣ, аз ҷумла кандакорӣ дар чӯб ба насли наврасу ҷавон ҳидоят намуданд.
Коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона ва ошхона дар ошёнаи дуюми ҳамин бино ҷой дода шуда, 50 нафар занону бонувони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шудаанд. Коргоҳ бо 40 адад мошинаи дарздӯзӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин мебошад. Дар коргоҳ номгӯи гуногуни либоси ягонаи мактабӣ, тиббӣ, либосҳои муҳофизатӣ ва либоси махсуси соҳавӣ барои корхонаҳои ватанӣ, инчунин либосҳои миллии занона ва мардона истеҳсол карда мешаванд.
Иқтидори корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 600 метр матоъ баробар аст.
Маҳсулоти дар корхонаи мебелсозӣ ва ҳам коргоҳи дӯзандагӣ истеҳсолшаванда ивазкунандаи воридот мебошанд ва бунёд гардидани чунин корхонаҳои саноатӣ дар мамлакат зарурист.
Меҳмонхона бо назардошти муштарак будани корхона бунёд гардида, дар он барои қабули 18 меҳмон дар як вақт шароит муҳайё мебошад. Он бо таҷҳизоти зарурӣ барои истиқомат, аз қабили рахти хоб, ҷевон ва ғайра таъмин аст. Ошхонаи замонавии иншоот аз 100 ҷойи нишаст иборат буда, дорои шароити хуби хизматрасонӣ ба кормандон ва меҳмонону дигар корафтодагон мебошад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи замонавӣ, ки он ҳам навбунёд аст, дидан намуданд.
Гармхона дар асоси талаботи замони муосир ва бо истифода аз технологияи пешрафтаи соҳа бунёд шудааст. Масоҳати умумии гармхона 0,20 гектарро ташкил дода, дар он айни замон помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва кабутӣ парвариш меёбанд. Обёрии гармхона қатрагӣ ва гармидиҳии он муттамарказ мебошад.
Дар ҳамин ҷо ҳамчунин гармхонаи хурд барои парвариши лимӯ низ бунёд гардида, 30 бех ниҳоли лимӯи мутобиқ ба мавзеъ шинонида шудааст. Дар шафати гармхона ҳавзи моҳӣ сохтаанд, ки дар он айни замон 1000 дона гулмоҳӣ парвариш меёбанд.
Дар ҳамин мавзеъ ҳамчунин боғ низ бунёд карда шудааст. Масоҳати боғи нав 6 гектарро ташкил дода, 1800 бех ангури навъҳои гуногун ва 200 бех ниҳоли себ шинонида шудаанд.
Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин дар қатори ниҳолҳои боғ зироати кишоварзӣ, аз қабили лӯбиёгиҳо, полезиҳо, сабзавот ва картошка кишт карда шудааст.
Дар атрофи комплекси навбунёд, хосса дар талу теппаҳои ин мавзеъ, инчунин саҳни корхона ва шафати роҳравҳо беш аз 1100 бех дарахти ороишии ҳамешасабз шинонидаанд, ки зебоии мавзеъро таъмин менамояд.
Барои таъмини гармхона, ҳавзи моҳӣ, боғу токзор ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ бо об дар ҳамин мавзеъ чоҳи амудӣ бо чуқурии 120 метр сохта шудааст. Тавассути чоҳи амудӣ аҳолии деҳаҳои атроф низ бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки қаблан ин мавзеъ бекорхобида ва ноободу валангор буд ва инак бо бунёд гардидани чунин комплекси азими агросаноатӣ обод шуд ва дар маҷмӯъ 130 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Комплекси мазкур дар ноҳияи Шаҳринав аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯзи Раҳмиддин бо истифода аз маблағҳои даромади хоҷагии деҳқонӣ ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Дар ҳамин мавзеъ ҳамчунин сохтмони корхонаи азими парандапарварӣ барои парвариши 15000 сар мурғи бройлерӣ идома дошта, он то таҷлили ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Роҳбарияти корхона дар оянда бунёди сардхонаро низ бо ғунҷоиши 300 тонна маҳсулот ба инобат гирифтаанд.
Роҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода то корхонаи навбунёд ба масофаи 1 километр пурра асфалтпӯш гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин комплекси муосири агросаноатиро аз ҷониби соҳибкори ватанӣ шоистаи таҳсин ҳисобида, зикр намуданд, ки ин иқдом дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунони босуръати мамлакат заминаи мусоид мегузорад.
АМИТ «Ховар»