Дар доираи ҷаласаи 7-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода баргузор гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни ифтитоҳи форум З. Завқизода иброз намуд, ки тайи солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкории гуногунҷанбаи байни ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромада, баргузории чунин чорабиниҳо, ки ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд, ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар Форуми мазкур беш аз 300 нафар иштирокчиён аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилоти давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии ду давлат иштирок намуданд.
Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имконоти сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ карда шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ду давлат дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Иштирокчиёни Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор менамоянд.
АМИТ «Ховар»