Дастаи футболи «Моҳир»-и Ёвон дар Лигаи якуми Тоҷикистон бозӣ мекунад

 Дастаи футболи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон дар мавсими соли гузашта миёни дастаҳои Лигаи 2-юми вилояти Хатлон соҳиби ҷойи якум гашта, имсол дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад. Бо вуҷуди он ки сатҳи бозиҳо дар Лигаи якум баландтар ва талабот ба бозингарон ҷиддитар аст, аъзои дастаи «Моҳир» таҷрибаи худро тадриҷан бой намуда, ҳамчун бозингарони касбӣ зина ба зина боло мераванд.

Тибқи иттилои  масъулини Ҳукумати ноҳияи Ёвон, раиси ноҳия  Ҷамшед Саидзода дар вохӯрӣ бо  роҳбарон ва аъзои Клуби футболи «Моҳир» изҳор намуд, ки «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста аз вазъи иқтисодии даста ва ҳолати рӯҳии аъзои он бохабар шуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри пешравии фаъолияти онҳо мусоидат намояд. Роҳбарон ва аъзои даста дар сурати пайдо шудани зарурат метавонанд ба дастгирии мо умедвор бошанд».

Директори Клуби футболи «Моҳир» Хусрав Бобобеков ва сармураббии даста Сиёвуш Боев аз номи роҳбарону аъзои даста ба раиси ноҳия барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳо изҳори миннатдорӣ карда, ба нишони эҳтирому қадрдонӣ ба раиси ноҳия Нишони сарисинагии Клуби футболи «Моҳир» ва як ҷуфт либоси варзишӣ тақдим намуданд.

Умед аст, ки дастаи «Моҳир» дар бозиҳои боқимондаи мавсими имсола хотири мухлисонашро болида мегардонад.

АМИТ «Ховар»

Tags: