24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон, ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ва ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун бо сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёди зиёда аз 300 иншооти наву замонавӣ ободу зебо шуда, шароити кору хизматрасонӣ беҳтар ва сатҳи зиндагии мардум баланд гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нахуст бинои Қасри фарҳангро ба истифода доданд.
Даромадгоҳ ва девору сақфи бинои навбунёди Қасри фарҳангро нақшу нигори миллӣ оро додааст, ки аз санъати волои меъмории миллӣ шаҳодат медиҳад.
Бинои дуошëнаи Қасри фарҳанг бо харҷи зиёда аз 8 миллион сомонӣ дар масоҳати 1 ҳазору 248 метри мураббаъ сохта шуда, дар ошёнаи якуми он миёнсарой, толори барҳаво барои 385 ҷойи нишаст, утоқҳои маҳфил, санъаткорону техникӣ ва дар қабати дуюм миёнсарой, ҳуҷраҳои корӣ, техникӣ ва утоқҳои санъаткорон ҷойгир мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки санги асос ба сохтмони бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин соли 2017 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, иншооти мазкур дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳам гардида дар бинои Қасри фарҳанг шинос шуда, иншооти мазкурро дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманде барои аҳли фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин арзёбӣ намуданд.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 15 номгӯй сози миллии мусиқӣ тақдим гардид.
Толори Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барои баргузории тадбирҳои гуногун дорои шароити мусоид буда, фаъолияти санъаткорон дар ин бинои замонавӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 32 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 5 хонаи фарҳангӣ, 7 клуб, Китобхонаи марказӣ, 17 китобхона дар деҳот, Боғи фарҳангӣ- истироҳатӣ ва Мактаби санъати бачагона фаъолият доранд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ навсозӣ гардида, дар онҳо шароити мусоиди кор ва хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар толори Қасри фарҳанг аз тарафи аҳли фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин барномаи ҷолиби ҳунарӣ пешниҳод гардид.
АМИТ «Ховар»