24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Восеъ мулоқоти судманду самимӣ анҷом доданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия барои истиқболи самимӣ ва анҷоми тадбирҳои созанда ба хотири рушду пешрафти як гӯшаи диёр изҳори сипос намуданд.
Зимни таҳлили вазъи имрӯзаи тараққиёти ноҳияи Восеъ таъкид гардид, ки дар 29 соли замони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Восеъ аз ҳисоби буҷети давлат қариб як миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар ин давра 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 332 миллион сомонӣ дар самтҳои дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳия, таҷдиду муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таҷдиди роҳҳои мошингард, рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои об, инкишофи инфрасохтори деҳот ва самтҳои дигар татбиқ гардидааст.
Ҳоло дар ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст ва то имрӯз дар доираи онҳо 300 миллион сомонӣ аз худ шудааст.
Барои истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ сохтмон ва таъмири 460 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз дар 316 иншоот корҳои бунёду навсозӣ пурра ба анҷом расидаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми меҳнаткаши ноҳияи Восеъ то ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои бунёду барқарорсозӣ дар иншооти боқимонда бо сифати баланд ба анҷом расонида, ҳамаи онҳо ба истифода супорида мешаванд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки ноҳияи Восеъ барои рушди соҳаи саноат имкониятҳои ниҳоят фаровон дорад. Дар ҳудуди ноҳия захираҳои зиёди ашёи хом, махсусан, намак ва маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуданд.
Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 46 миллион сомониро ташкил додааст. Дар ин давра дар ноҳия ду коргоҳи нави саноатӣ бо 35 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.
Бо вуҷуди он, ки солҳои охир нишондиҳандаҳои соҳаи саноати ноҳия мунтазам афзуда истодаанд, аммо вазъи соҳа, хусусан, дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарони вилоят, ноҳия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки ҷиҳати истифодаи пурраи имконияту иқтидорҳои ноҳия дар самти саноатикунонии босуръат тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Восеъ ноҳияи аграрӣ буда, ҳиссаи кишоварзӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ноҳия 62 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар ин соҳа 65 фоизи аҳолии қобили меҳнати ноҳия бо ҷойҳои кории доимиву мавсимӣ таъмин мебошад.
Кишоварзони ноҳия дар ин давра истеҳсоли зироати ғалладонагӣ, картошка, меваю сабзавот, полезӣ ва маҳсулоти чорводориро афзоиш додаанд.
Роҳбарони вазоратҳои молия, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, вилоят ва ноҳия супориш гирифтанд, ки иқтидори пурраи иншооти обтаъминкуниро барои кишти зироат дар заминҳои обӣ самаранок истифода намоянд.
Бо мақсади таъмини рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Восеъ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои таҷдиду навсозии роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳия тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
Аз ҷумла роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг ба масофаи 88 километр, ки 40 километри он аз ҳудуди ноҳияи Восеъ мегузарад, ба маблағи 464 миллион сомонӣ пурра навсозӣ гардид.
Ҳамчунин соли ҷорӣ таҷдиди роҳи мошингарди Ҳулбук – Кангурт бо дарозии 59 километр ва арзиши лоиҳавии 370 миллион сомонӣ оғоз мегардад, ки 22 километри он аз ҳудуди ноҳияи Восеъ мегузарад. Имрӯзҳо корҳои омодагӣ барои татбиқи лоиҳа идома доранд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Восеъ 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои 8200 хонанда ба истифода дода шудааст. Инчунин ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ сохтмони боз 7 муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Восеъ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 21 муассисаи тиббиву солимгардонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, то ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ бунёди боз ду маркази саломатӣ ва як таваллудхона дар назар аст.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки истифодаи самараноки захираву имконоти мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар баробари заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, аз ҳисси баланди ватандӯстии ҳар сокини ноҳия ва қобилияти ташкилотчигии роҳбарон вобаста мебошад.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Восеъ, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла Файзалӣ Шарифов — собиқадор, Гулбаҳор Атозода — иқтисодчӣ, Муборакшо Камолзода — донишҷӯ ва Гулнора Сафарова — омӯзгор суханронӣ карда, барои амалисозии тадбирҳои созанда баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии мардум изҳори сипос намуданд.
АМИТ «Ховар