Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор шуданд

23 сентябр даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин тариқи видеоконференсия баргузор шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Чин Лэ Юйчен роҳбарӣ карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар машваратҳо ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурди Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.

Бо қаноатмандӣ густариши пайваста ва ҳадафманди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар тамоми арсаҳо таъкид шуд. Аҳамияти амалисозии тавофуқҳое, ки байни Сарони ду давлат ҳосил шуда буданд, барои таҳким ва таъмиқи бештари ҳамкории мутақобилан судманд байни ду давлати ҳамҷавор таъкид гардид.

Ҷонибҳо  масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19-ро баррасӣ карданд. Бо дарназардошти паҳншавии вируси нави корона ва таъсири манфии он ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар минтақа ва ҷаҳон бар зарурати афзоиши шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду давлат дар ҳамаи сатҳҳо таъкид шуд.

Тарафҳо ба ҳамкории самарабахш дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» ва механизми навтаъсиси «Осиёи Марказӣ – Чин» изҳори умедворӣ карданд. Онҳо  ин ду ҳамоишро шакли муҳими тавсеа ва таҳкими робитаҳо байни Тоҷикистон ва Чин медонанд.

Иштирокдорон масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои роҳбурдии мамлакат – таъмини амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ, бурунрафти давлат аз инзивои нақлиётӣ ва саноатикунонии босруъати ҷумҳуриро баррасӣ карданд.

Тарафҳо аз ҳамкории босамари ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё  изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар поёни машваратҳои сиёсӣ иштирокдорон аз ҳар ду ҷониб  изҳор намуданд, ки омодаанд бобати пешбурди пайдарпайи муносибатҳои иштироки ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду давлати дӯст муштаракан кӯшиш ба харҷ диҳанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: