Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Вахш ифтитоҳ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 7 ҳуҷраи корӣ, китобхона, шуъбаҳои ташкилӣ ва бақайдгирӣ, кор бо занон ва ҷавонон, таблиғот, иттилоот ва матбуот мебошад.
Ҳамзамон дар бино толори маҷлис мавҷуд мебошад, ки барои гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бисёр мувофиқ аст.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми бародарони соҳибкор аз оилаи Юнусовҳо тариқи ҳашари дастаҷамъона сохта шудааст.
АМИТ «Ховар»