«Хизмат ба Ватан шараф аст»- таҳти чунин унвон дар Левакант ҳамоиш оид ба даъвати тирамоҳии наваскарон оғоз гардид

Дар робита ба маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакат ҷараён дорад, 19 сентябр дар назди бинои Комиссариати ҳарбии шаҳри Левакант таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шараф аст» ҳамоиш  доир гардид. Дар он 36 нафар ҷавонон ба таври ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳозир шуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси шаҳри Левакант иттилоъ медиҳад.

Раиси шаҳри Левакант Зарина Давлатзода ба волидайни ҷавононе, ки бо амри дил баҳри адои қарзи фарзандӣ дар назди давлату миллат ва ҳифзи марзу буми меҳан камари ҳиммат бастаанд, миннатдорӣ баён намуд. Мавсуф зикр намуд, ки  «дар ин маъракаи муҳим эҳсос гардид, ки ҳам ҷомеа ва ҳам ҷавонон аз худ ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тасдиқ карданд».

Бо иқдоми Комиссариати ҳарбӣ дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳар ҷавоне, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмати ихтиёрӣ интихоб мекунад, ба якчанд имтиёз соҳиб мешавад, ки яке аз онҳо шаҳодатномаи ронандагӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 2 сентябри соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба тасвиб расид.

АМИТ «Ховар»

Tags: