Сайди моҳӣ дар вилояти Суғд дар ҳашт моҳ беш аз 326 тоннаро ташкил дод

Аз оғози соли равон дар ҳамаи хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд ҳаҷми маҳсулоти моҳидорӣ 6,6 млн. сомониро ташкил кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 2,9 баробар зиёд аст. Давоми ҳашт моҳ дар хоҷагиҳои моҳидории вилоят сайди моҳӣ 326,4 тоннаро ташкил намуд.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар Суғд аз Идораи моҳипарварии вилоят иттилоъ доданд, айни ҳол дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ бисту нуҳ адад хоҷагиҳои хурду калони моҳипарварӣ фаъолият дошта, калонтарини онҳо ҶСК «Моҳии тоҷик»-и ноҳияи Б.Ғафуров, ҶСК «Моҳипарварии Гулистон»-и шаҳри Гулистон ва ҶСК «Моҳипарварӣ»-и шаҳри Панҷакент ба ҳисоб мераванд.

Дар ин замина, дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти афзун намудани захира ва навъҳои гуногуни моҳӣ, дар асоси шартномаи ҳамкорӣ бо хоҷагии зотпарварӣ-моҳипарварии ҶСК «Моҳии тоҷик» ҳамасола ба обанборҳои вилоят миқдори муайяни намудҳои гуногуни кирминаи моҳичаҳо сар дода мешавад, ки он бевосита ба рушд ва афзоиши моҳӣ заминаи мусоид мегузорад.

Давоми ҳашт моҳи имсол дар вилоят ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла намудҳои моҳии пешонағафси сафед – 23,5 фоиз, зағорамоҳӣ – 32,0 фоиз, амури сафед – 19,3 фоиз, суфмоҳӣ – 8,0 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 17,3 фоизро ташкил намудааст.

Ба андешаи мутахассисони соҳа, дар ҷумҳурӣ соҳаи мазкур дар даврони соҳибистиқлолӣ рӯ ба рушд ниҳода, дар ин замина солона имкони истеҳсоли то 5 ҳазор тонна гӯшти моҳӣ мавҷуд мебошад.

Ин нишондиҳанда метавонад барои таъмини амнияти озуқаворӣ, хосатан таъмини аҳолӣ бо ин намуди гӯшти парҳезӣ мусоидат намояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: