Дар Академияи идоракунии давлатӣ мавзӯи «Сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро матраҳ менамоянд

Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои муовинони раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба анҷом мерасад.

Зимни оғози курс ноиби якум, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим Даврон Сафаров, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Солеҳзода, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ибодат Ғанизода ва сардори шуъбаи иттилоотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қумриннисо Азизова сухан гуфта, моҳияти давраи омӯзишии мазкурро ба иштирокдорон тавзеҳ доданд.

Зикр гардид, ки соҳаи саноат дар иқтисодиёти ҳар давлат нақши муҳим дорад, зеро рушди соҳаи саноат дар таъмини иқтидори захиравии иқтисодиёт ва равандҳои такрористеҳсолии он, фароҳамсозии устувори иҷтимоӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ метавонад саҳми босазо гузорад.

Дар курси мазкур маърӯзачиёни асосӣ аз Академияи идоракунии давлатӣ буда, инчунин аз Вазорати саноат ва технологияи нав низ ҷиҳати баргузории дарсҳои амалӣ мутахассисон даъват шудаанд.

Дар назар аст, ки дар ҷамъбасти курс дар мавзӯи «Сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» бо иштироки роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳамоиш доир гардад.

АМИТ «Ховар»
Tags: