COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9214 нафар расид

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 17 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9214 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 7988 ё худ 86,7%-и гирифторон шифо ёфта, 73 нафар вафот кардаанд.

«Шабонарӯзи охир 103 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 47 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: