15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд Корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “АГРОАШТ” ва 2 сардхонаи навбунёдро, ки бо саҳми соҳибкори ватанӣ Бахтиёр Мақсудҷонов сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст Пешвои муаззами миллат дар маросими ба фаъолият пардохтани корхонаи навтаъсис, ки самти фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ аз ду навъи мева- тар ва хушк равона шудааст, ширкат варзиданд.
Корхонаи истеҳсолии “АГРОАШТ” дар паҳлуи сардхона таъсис дода шуда, беш аз 10 намуди маҳсулоти қаннодӣ, аз қабили қиёми зардолу, олу, ангур, каду, нок, себи биҳӣ, анҷир ва ғайра истеҳсол мекунад.
Мутобиқи маълумот дар рафти истеҳсолот ягон маҳлули кимиёвӣ истифода намегардад ва он ҳамчун маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаву безарар ҳатто ба кӯдакони аз синни 3 боло низ тавсия дода мешавад.
Коргоҳи мазкур ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат доир ба эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ таъсис дода шуда, дар таъмини ҷойҳои нави корӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ба кишварҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки ҳоло дар коргоҳи мазкур беш аз 20 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин буда, дар вақти корҳои мавсимӣ шумораи онҳо то ба 150 нафар расонида мешавад.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз аз 5 то 6 тонна меваи тарро дар бар гирифта, техникаву таҷҳизоти зарурӣ маҳз барои истеҳсоли чунин маҳсулот бо дархост ва маслиҳати худи соҳибкорони ватанӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта ва ба кишвар дастрас карда шудаанд.
Дар ин корхонаи замонавӣ истеҳсоли қиёми мевагиҳо дар 9 марҳила сурат гирифта, дар қуттиҳои қоғазин бо шакл ва андозаҳои гуногун банду баст мегарданд. Раванди истеҳсолот тариқи компютер идора мешавад.
Мутобиқи маълумот, корхонаи “АГРОАШТ” дар Осиёи Марказӣ ягона корхонае ба шумор меравад, ки аз меваҷоти тару тоза ва хушк маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол менамояд.
Ин корхона дар талаф наёфтани меваҷот саҳм мегузорад, зеро дар он баробари себҳои аввалиндараҷа ҳамзамон себҳои дуюминдараҷа аз худи хоҷагӣ ва аҳолӣ дастрас карда шуда, мавриди коркард қарор мегиранд.
13 дастгоҳи истеҳсолӣ, ки дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд, ба зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот мусоидат менамоянд.
Масъулин нақша доранд, ки бо зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот содироти маҳсулоти қаннодии қиёмро аз мевагиҳо бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷа, аз ҷумла дар навбати аввал ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба роҳ монанд.
Соли 2019 Сарвари давлат ба роҳбарияти корхонаи “АГРОАШТ” дастур дода буданд, ки барои аз талафёбӣ эмин нигоҳ доштан ва ба муҳлатҳои дуру дароз захира намудани мева дар назди хоҷагӣ сардхона бунёд намоянд. Инак ин супориши Роҳбари давлат то ҷашни 29 — солагии Истиқлоли давлатӣ иҷро карда шуд.
Ду сардхонае, ки бо дарозии 6 ба 18 ва 12 ба 18 метр сохта шудаанд, имкони ғунҷоиши то 150 тонна меваҷотро доранд ва баҳри захираи маҳсулоти кишоварзӣ бисёр мувофиқ мебошанд.
Таъминоти сардхона аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон анҷом ёфта, он танҳо барои нигоҳдории меваву сабзавоти дар хоҷагии мазкур истеҳсолшаванда пешбинӣ шудааст.
Хоҷагӣ дорои 12 гектар замини ангур ва 3 гектар бодом мебошад. Хоҷагии мазкур дар заминҳое, ки ҳанӯз аз соли 1992 инҷониб аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд, таъсис дода шуда, имрӯз бо заҳмату талошҳои зиёди меҳнаткашон ба киштзори ҳақиқӣ мубадал гардидааст.
Дар ҳудуди заминҳои хоҷагӣ баҳри таъминоти фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин восита саҳм гузоштан дар татбиқи яке аз 4 ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ аз як қатор кишварҳои хориҷа, аз қабили Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия ва Украина навъҳои серҳосили дарахтони ангур ва бодом ворид карда шудаанд, ки ба иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд.
Президенти мамлакат бо шароит ва технологияи сардхона шинос шуда, нақши чунин сардхонаҳоро дар фаровонии бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат бо маҳсулоти тару тоза дар тамоми фасли сол муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуданд.
Дар сардхона нисфи мевагиҳо барои бозор ва нисфаш барои омода кардани қиём захира мешавад.
Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзиву маводи ғизоӣ имконияти васеъ дорад.
Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамоянд, насб гардидааст.
Сардхонаи нав дорои анбори алоҳидаи нигоҳдории молу маҳсулот буда, ҳамчунин дар он барои кашонидани бор шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Тибқи нақша дар оянда иқтидори сардхона ба 200 тонна расонида шуда, ҳамчунин дар дохили он сехи коркарди меваю истеҳсоли консерва ба роҳ монда мешавад, ки ба ин васила дар маҷмӯъ 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гашт.
Баҳри иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020”, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида ва корами обӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат, бо маслиҳату тавсияҳои деҳқони номдор Ҳоҷӣ Неъмат соли 2019 беш аз 50 навъи дарахтони ангур ба миқдори 8 ҳазор бех дарахти ангур дар масоҳати 12 гектар замин шинонида шуд. Ҳоло дарахтони шинонидашуда самаровар шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.
Дар намоишгоҳ асосан молу маҳсулоте, ки имконияти нигоҳубини онҳо дар сардхона мавҷуд аст, манзур карда шуд. Аз ҷумла, навъҳои гуногуни меваи хушк, 3 навъи мавиз, чормағз, бодом, 6 навъи зардолуи хушк, хуч ва дигар номгӯйи маҳсулот, ки дар шакл ва андозаҳои гуногун омода шудаанд, ба маъраз гузошта шуданд.
Дар саҳни ҳавлии коргоҳи мазкур таҷҳизоти зудхушккунандаи мева васлу насб гардидааст, ки он ҳам ба сифати маҳсулот ва ҳам ба суръати истеҳсолот мусоидати фаъол менамояд.
Ин дастгоҳ имкон дорад, ки меваи тарро дар муддати то 8 соат хушк намуда, сифати онро то ду маротиба баланд бардорад.
Ба андешаи масъулин, агар солҳои қаблӣ барои хушк намудани меваҷот тариқи офтоб то 6 рӯз сарф мешуд, ҳоло ин дастгоҳ кори онҳоро чанд маротиба осон гардонидааст.
Хурсандиовар аст, ки соҳибкорони бо нангу номуси Ватан дар доираи дастгириҳои ҳамаҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқдомҳои созандаро рӯйи даст гирифта, баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат саҳми босазо мегузоранд.
АМИТ «Ховар»