10 сентябр таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 баргузор гардид, ки дар он муовинони раиси вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ҷаласа барои таҳкими фаъолияти ситоди вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришҳои дахлдори Раиси ситоди ҷумҳуриявӣ расонида шуд.
Муовини Сарвазири мамлакат доир ба роҳҳои пешгирии мавҷи дуюми коронавируси нав иброз дошт, ки бо назардошти авҷи марҳилаи дуюми ин беморӣ бояд корҳои пешгирикунанда вусъат дода шаванд.
Ҳамчунин Ширин Исматуллозода зикр намуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати пешгирии бемории мазкур корҳои санитарӣ-эпидемикӣ бояд пурзӯр карда шаванд ва сокинон, аз ҷумла хонандагон ҳатман аз ниқоби муҳофизатӣ истифода намоянд. Зеро як омили пешгирикунандаи бемории COVID-19 риояи гигиенаи шахсӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ мебошад.