ТВТ. 14.06.2022. Аз 1 июли соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули хонандагони синфи якум ба соли таҳсили 2022-2023 оғоз мегардад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода.
«Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат омодагӣ ба соли нави хониш дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Дар баъзе аз ноҳияҳои дурдастарин мамлакат қабули хонандагон ба синфи якум аз нимаи моҳи июн низ оғоз мешавад», — гуфт мавсуф.
Тибқи Низомномаи намунавӣ Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, ду нусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист талаб карда мешаванд.
«Тибқи Барномаи омода намудани кӯдакони 7-сола ба таҳсил ба синфи 1-ум (барои як моҳ), ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, баъд аз номнавис гардидани хонандагон аз 1 август оғоз мешавад. Дар ин давра ба хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад», — гуфт Зиёратшоҳ Назруллозода.
Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2021-2022 бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2021-2022, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 25 май ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 1 июни соли 2022 ба анҷом расид.
Имрӯзҳо дар мамлакат давраи ба истироҳат фаро гирифтани хонандагон ҷараён доравд.
Тавре аз Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки мутобиқ ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2022» субҳи имрӯз 180 нафар кӯдакону наврасон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ чун дигар ноҳияҳои пойтахт ба Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии Шарора сафарбар гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар асоси Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» корҳои ободонӣ, сохтмонӣ, таъмиру барқароркунӣ, муҷаҳазгардонии биноҳо ва майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинонӣ ба анҷом расида, иншооти мазкур барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд.
Гуфта шуд, ки дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Шарора»-и ноҳияи И.Сомонӣ, «Гулхан»-и ноҳияи Сино ва «Зимчуруди»-и ноҳияи Шоҳмансур бо фарогирии 948 нафар, аз ҷумла 750 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 118 нафар ҳайати омӯзгорӣ ва кормандони техникӣ ва 80 нафар тарбиягирандагони Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе ва дар 37 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ бо фарогирии 1540 нафар хонандагон басти якуми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз гардид, ки то 25 июн идома меёбад. Дар маҷмуъ, дар басти якум 2588 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»