Кормандони шуъбачаи муоинаи техникии Шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилии вилояти Суғд маълумоти дорои моҳияти фавриро дар хусуси сохтакорӣ кардани шиносномаи муоинаи техникии нақлиёт аз ҷониби ду нафар сокини Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров- шаҳрвандон Маҳкамов Парвиз Аҳмадалиевич, соли таваллудаш 1996 ва Кенҷаев Дадочон Домуллоевич, соли таваллудаш 1988 ба кормандони фаврии ШКҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд вогузоштанд. Он дар натиҷаи коркардҳои фаврӣ тасдиқ ёфт ва предметҳое, ки ба воситаи онҳо ҳуҷҷат сохтакорӣ мешуд, мусодира гардид.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Гумонбарон бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ ҳуҷҷатҳои кафолатдиҳанда вобаста ба ҳолати техникии нақлиёт, аз ҷумла шиносномаи муоинаи техникиро сохтакорӣ карда, аз фурӯши он маблағи пулӣ ба даст меовардаанд.
Зимни бурдани чорабиниҳои фаврию тафтишотӣ муайян карда шуд, ки Парвиз Махкамови барномасоз омода сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакиро ба уҳда дошта, шарики ҷиноятии ӯ Дадоҷон Кенҷаев ронандагони аз ҳамин гуна хизматрасонии ғайриқонунӣ истифодабарандаро роҳнамоӣ карда, мизоҷ ҷамъ мекардааст.
Онҳо ҳар як шиносномаи қалбакиро бо арзиши 500 сомонӣ мефурӯхтаанд.
Бо ин кирдори содирнамуда гумонбаршудаҳо меъёрҳои дар моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо вайрон кардаанд. Барои содир намудани чунин амали ҷиноятӣ ба онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ таҳдид мекунад.
АМИТ «Ховар»