Ҳаким Фузайлов дастаи мунтахаби Туркманистонро ҳарифи пурқувват мешуморад

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ бо дастаи мунтахаби Туркманистон, ки имрӯз соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад, туркманҳоро яке аз дастаҳои пурқувват шуморида, гуфт: «Бозии дастаи мунтахаби Туркманистонро дар шаҳри Бишкек бо дастаи мунтахаби Қирғизистон тамошо кардам. Бозиаш хеле хуб аст ва дар ҳайаташ якчанд нафар бозингарони легионер, ки дар хориҷи Туркманистон ҳунарнамоӣ доранд, ширкат меварзанд. Туркманистон барои дастаи мо ҳарифи арзанда аст».
Ӯ аз омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ду бозии рафиқона бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Афғонистон қаноатмандӣ изҳор карда, аз лат бардоштану дар ин бозиҳо иштирок накардани Фарҳод Восиев («Оренбург», Русия) афсӯс хӯрд. «Мо,- гуфт Ҳаким Фузайлов, ҳамаи имконотро истифода мебарем, ки дар вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Туркманистон бозии хуб нишон диҳем, то мухлисон аз он шод шаванд. Футболбозони мо ба ин омодаанд».
Ба ҳамин тартиб, имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон бозии 8-уми худро доир мекунанд, ки мақсади асосиаш тайёрии дастаҳо ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё ба шумор меравад.

АМИТ «Ховар»

Tags: