Дар арафаи таҷлили Рӯзи китоб ва 29-умин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2020» ба шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сафар намуд. Ин кӯлвори китоб 210 номгӯй китобҳои бадеӣ, донишномаҳо, луғатҳо, осори илмӣ-пажӯҳишӣ, адабиёти кӯдакона бо теъдоди 2270 нусха, 50 номгӯй дастурҳои библиографӣ бо теъдоди 2560 нусхаро фаро гирифтааст, ки ба тамоми муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд тақдим мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Вазорати фарҳанги мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар доираи Барномаи давлатии «Рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакатро бо китоб ва дастуру феҳрастҳои библиографӣ таъмин намояд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 4 сентябр дар саросари Тоҷикистон Рӯзи китоб бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ҳанӯз 13 сол қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз доштанд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад».
АМИТ «Ховар»