Кӯлоб: «Барқи Тоҷик» 150 нафар хонандагони Мактаб-интернати ёрирасонро бо либоси мактабию лавозимоти хониш таъмин намуд

Масъулини ширкати «Барқи Тоҷик» 150 нафар хонандагони Мактаб–интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлобро бо либоси мактабӣ, пойафзол ва лавозимоти хониш  таъмин карда, бинои мактаб –интернатро аз таъмир бароварданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» директори  Мактаб-интернати мазкур  Сурайё  Бадарғаева иттилоъ дод.

Дар Мактаб-интернати ёрирасон 150 нафар  хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда,  25 нафар омӯзгор ва 27 нафар мураббӣ ба  шогирдон дарс меомӯзанд. Дар ин мактаб хонандагон  касбҳои пойафзолдӯзӣ, дуредгарӣ ва  заргарӣ омӯхта,  баъди хатм соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ мегарданд. Айни ҳол хонандагон шароити заруриро доро буда, бо се вақт хӯрок ва ҷои хоб таъмин мебошанд.

Тавре Сурайё Бадарғаева иброз дошт, «мо ҳамеша  ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем, чунки таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳаи маориф  бештар буда, нисбат ба ин соҳа ғамхориҳои  зиёд зоҳир менамоянд. Мо низ ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯшиш менамоем, ки хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, саҳми худро дар рушди соҳаи маориф гузорем. Мактаби мо ба фасли зимистон омода мебошад ва дар ин самт мо ягон  мушкилӣ надорем, чунки аллакай дар ҳама синфхонаҳо печҳои барқӣ  насб карда шуда, дар ҳолати номусоидии боду ҳаво  аз онҳо истифода бурда мешавад».

Хонандагони Мактаб-интернати ёрирасон барои пешгирӣ аз бемории каронавирус бо  ниқоб ва маводи антисептикӣ таъминанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: