Ҷаласаи XXVII Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии ВКХ-и кишварҳои узви ИДМ доир шуд

Дирӯз ҷаласаи XXVII Шӯрои машваратии роҳбарони хадамоти консулии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии (ВКХ) Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони хадамоти консулии Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Казоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон (ба ҳайси нозир), Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва намояндаи Котиботи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои консулӣ дар паҳнои ИДМ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо омодагии худро ба тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳамаи самтҳо, ки ба густариши бештари робитаҳо байни кишварҳои узви ИДМ мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: