Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки ҷавонон, имомхатибон ва фаъолони шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар мавзӯи «Экстремизму терроризм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро» мулоқот доир гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд.
Дар вохӯрӣ зикр карда шуд, ки гурӯҳҳои ифротгаро зери ниқоби ислом амалҳои зишту ғайриинсониро анҷом медиҳанд. Ин ҳама ба манфиати шахсонест, ки мехоҳанд сарвати зиёд ба даст оварда, ҳукмрон шаванд.
Илова гардид, ки то ҳанӯз дар байни мо тарафдорони ин гӯрӯҳҳо ҳастанд ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд оромию осудагӣ ва зиндагии осоиштаи мардумро халалдор кунанд. Аз ин рӯ, мебояд ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистон барои сари вақт дастгир намудани чунин ашхос ва пешгирӣ намудани гурӯҳҳои ифротгарову экстремистӣ дар шаҳру ноҳияҳо муборизаи беамон баранд.
Хамин гуна вохӯрӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Иштирокдорон иброз доштанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаро бар зидди гурӯҳҳои террористӣ пурзӯр менамояд.
АМИТ «Ховар»