Пешниҳоди ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, лоиҳаи Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат М.Султонов иттилоъ дода, зикр кард, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур пешгирӣ кардани қочоқи молу маҳсулот аз сарҳади давлатӣ, таҳким бахшидан ба рақобати солими бозаргонӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолоти ватанӣ, пешгирӣ кардани муфлисшавии истеҳсолкунандагони дохилӣ ва зиёд намудани ҳаҷми воридоти маблағҳо ба буҷет мебошад.
Аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», лоиҳаи қарор «Дар бораи узви кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб намудани Фирӯза Шарифӣ», лоиҳаи Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андоз» ва лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»-ро баррасӣ карданд.
Дар назар дошта шудааст, ки лоиҳаи қонуну қарорҳои мазкур дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 ноябри соли равон баргузор мегардад, барои қабул ба вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат пешниҳод карда мешаванд.

Tags: