Имрӯз дар шаҳри Панҷакент бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» иқдоми «Ҳимояи Ватан- рисолати мост!» амалӣ гардида, маросими сафарбарнамоии аввалини наваскарон доир шуд. Дар ин бора мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент Некрӯзи Муҳаммадсодиқ хабар дод.
Ба иттилои номбурда, маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар он раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, ҷавонону наврасон ва падарону модарон иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш Ислом Зиёзода иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи ҳар як ҷавонмарди тоҷик мебошад. Мавсуф аз наваскарон даъват намуд, ки зимни хизмат ҳар порча замини Тоҷикистонро ҳимоя намуда, ба назди волидонашон бо сари баланд баргарданд.
Волидайни наваскарон барои хизмати шоиста кардан ба Ватан ба фарзандонашон роҳи сафед хостанд. Дар охир ба сарбозон ва волидайни онҳо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Маросими сафарбарнамоӣ бо намоиши барномаи фарҳангӣ баҳри сарбозону наваскарон хотима ёфт.
АМИТ «Ховар»