«Камол дар оинаи пажӯҳиш». Ҷилди дуюми ин асар ба нашр расид

Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ ҷилди дуюми «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» -ро таҳти унвони​ «Камол дар оинаи пажӯҳиш» ба нашр расонид.  Дар ин бора аз мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Китоби «Камол дар оинаи пажӯҳиш» аз​ 566 саҳифа иборат буда, дар он​ зубдаи асарҳои камолшиносӣ аз соли 1845 то 1960 гирдоварӣ шудааст.​ Китоби мазкур аз тарафи адабиётшинос Субҳони Аъзамзод таҳия гардида, тавассути​ нашриёти «Хуросон» бо сифати баланд ва қобили таваҷҷуҳ ба табъ расидааст.

Ёдовар бояд шуд, ки​ ҷилди аввали «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ»​ бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо» қаблан ба  нашр расида буд. Нашри ин​ китобҳо беҳтарин дастовард​ ба ифтихори 700-умин солгарди Камоли Хуҷандӣ маҳсуб мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: