Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тахти унвони «120 рӯзи ободонӣ ва сабзазоркунӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ» корҳои бунёдкорӣ доир мегарданд, ки ҳадаф аз он ободу зебо намудани маҳалли зист мебошад.
Дар доираи ин ташаббуси наҷиб дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ аз моҳи аввали сол оғоз гардиданд. Дар ҳашари ободонию сабзкорӣ, ки дар рӯзҳои таътили мактаббачагон сурат гирифт, бо кумаки хонандагон дар шоҳроҳҳои асосӣ ва мавзеъҳои алоҳида 2000 бех ниҳоли ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишии ба мавсим мутобиқ шинонида шуданд.
Тавре Мирзоғанӣ Эргашев, сардори Сарраёсати ободонӣ, сабзазоркунӣ ва хоҷагии манзилию комуналии ноҳия иттилоъ дод, дар ҳашар танҳо кормандони ин муассиса дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров 200 бех нихоли ороишии хамешасабз ва ҳамин миқдор гулҳои ба мавсим мутобиқ, чун буттагул ва ёси ҳиндӣ шинониданд.
Дар ҷамоати деҳоти Исфисор дар баробари тозаву обод намудани кӯчаву хиёбон ва ҷӯйборҳо зиёда аз 500 бех ниҳоли ороишӣ, дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов 20 бех, аз тарафи сокинони ҳамаи ҷамоатҳо дар маҷмӯъ 2000 бех нихоли ҳамешасабз шинонида шуданд.
Иқдоми ободонӣ дар доираи «120 рӯзи ободонӣ ва сабзазоркунӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров минбаъд низ идома меёбад.