Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои қаблан баимзорасида бо Вазорати тандурустии Федератсияи Россия доир ба харидории ваксина бар зидди коронавируси COVID-19 гуфтушунид ба роҳ монд Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, гуфтушунидҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ низ идома доранд.
Тавре ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳаҷми истеҳсоли ваксина дар Россия барои фурӯши оммавӣ ҳанӯз кофӣ нест, зеро ба нақша гирифта шудааст, ки дар як сол то 1,5 миллион воя (доза) ваксина истеҳсол карда шавад, дар ҳоле ки худи аҳолии Россия 142 миллион нафарро ташкил медиҳад. Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, барои эм кардани аҳолии Россия тақрибан 9 сол лозим аст. Ба ҷуз Тоҷикистон, 26 давлати дигар барои харидории ваксина дар навбат қарор доранд.
«Азбаски байни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи тандурустӣ созишнома вуҷуд дорад, умед дорем, ки ба мо ин ваксина дастрас карда мешавад», — гуфт ӯ.
Ба суол дар бораи он, ки кай ваксина дастрас мегардад, Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, ки ҳоло маълум нест.
Айни ҳол дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба ҳисобу китоб ва муайян намудани миқдори зарурии ваксина барои ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст. Пеш аз ҳама, ваксина барои беморони гирифтори диабети қанд, бемориҳои роҳи нафас, кормандони соҳаи тиб, онҳое, ки ба ҳифзи сарҳад машғуланд ва танҳо баъд барои аҳолии солим ҳисоб карда мешавад.
«Ҳангоми ҳисобкунӣ инчунин бояд ба назар гирифт, ки миқдори муайяни одамон ба COVID-19 гирифтор шуда, подтан (антитела) пайдо мекунанд ва ба ин одамон гузаронидани ваксина лозим намеояд. Одатан, подтанҳо тақрибан ду сол фаъоланд», — шарҳ дод Наврӯз Ҷаъфаров.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар Тоҷикистон сатҳи беморӣ муътадил аст. Дар як рӯз зиёда аз 40 нафар ба коронавирус сироят меёбанд. Шумораи гирифторон аз аввали моҳи май 7912 нафар ва фавтидагон 63 нафарро ташкил медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки ваксинаи Россия бар зидди коронавируси COVID-19 11 август ба қайд гирифта шуд. Дар ояндаи наздик истеҳсоли оммавии он шурӯъ шуда, аллакай моҳи октябр ваксинакунонии шаҳрвандони Россия, ки ба гурӯҳи осебпазир шомил мебошанд, оғоз меёбад.
АМИТ «Ховар»