Сохтмони бинои муассисаи таълимии №8-и шаҳри Хоруғ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон  сарпарасти соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Насрулло Маҳмудзода имрӯз бо ҳамроҳии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов аз ҷараёни сохтмони муассисаи таълимии рақами 8-и шаҳри Хоруғ дидан намуданд. Маълум шуд, ки корҳои сохтмони  бинои муассисаи таълимӣ бомаром ҷараён гирифта, барои бунёди ин иншоот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст ва аллакай 90 фоизи корҳо дар ин бино ба итмом расонида шудаанд. Дар  ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба бахши таҳлилӣ-иттилоотии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.

Бинои мазкур  барои 640 нафар хонанда бо тамоми шароити зарурӣ пешбинӣ гардида, аз се ошёна ва се бинои асосии таълимӣ иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз моҳи июни соли 2019 оғоз гардиданд. Дар марҳилаи якум аз рӯи лоиҳаи пешбинигардида, аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ ҷудо гардид.

Бинокорон бо масолеҳи сохтмонӣ пурра таъмин буда, аллакай ҳаҷми муайяни корҳои бунёдӣ анҷом дода шуданд. Паймонкори ин иншоот ҶДММ «Шариф ШС» буда, сохтмончиён ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон  сарпарасти соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Насрулло Маҳмудзода тӯли ду рӯз аз ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар маркази вилоят ва ноҳияи Роштқалъа  боздид намуд.
АМИТ «Ховар»

Tags: