Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лигаи ҳандбол таъсис ёфт

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулрӯ Ҷабборзода ва Cафири Давлати Фаластин  Луай Иффа масъалаҳои бо кор таъмин кардани занон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо паҳлуҳои масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаластин дар ҷанбаҳои гуногун, инчунин сиёсати давлат дар самтҳои марбут ба фаъолияти вазоратро таҳлил намуданд.

Сафири Давлати Фаластин Луай Иффа аз муносибатҳои дуҷонибаи ҳарду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки истифодаи таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсат ва идоракунии давлатӣ муфид хоҳад буд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкории минбаъда ба мувофиқа расиданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин 6 марти соли 1992 барқарор шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: