«Спитамен Бонк» дар ноҳияи Ҷабббор Расулов маркази хизматрасонии бонкӣ (МХБ) ифтитоҳ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба бонки мазкур.
Кушодани маркази хизматрасонии бонкӣ дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
Маркази хизматрасонии навтаъсиси «Спитамен Бонк» дар ҷамоати «Гулхона», кӯчаи Алиназаров, дар наздикии бозори «Ашроф» ҷойгир шудааст.
Директори филиали «Спитамен Бонк» дар шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Мусоев иброз дошт, ки ҷойгиршавии муносиб ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифати бонкӣ ба мизоҷон аз афзалиятҳои асосии ин нуқтаи хизматрасонӣ хоҳад буд.
Қобили зикр аст, ки соли равон «Спитамен Бонк» шумораи нуқтаҳои хизматрасонии худро ба таври назаррас зиёд намуда, 11 маркази хизматрасони инав кушод ва фаъолияти худро дар ин самт идома доданист.
АМИТ «Ховар»