Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2020» аз Бадахшон оғоз гардид

3 август Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2020» аз ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид. Он  дар доираи Барномаи давлатии «Рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» доир шуда, 200 номгӯй китобро бо теъдоди 3489 нусха, ки ба маблағи 110 000 сомонӣ харид шудаанд, ба китобхонаҳои вилоят тақсим менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин дар асоси фармоиши Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода ду муассисаи тобеи вазорат- Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва Хонаи китоби Тоҷикистон дастуру феҳрастҳои библиографӣ ва дигар матолиби чопиро барои Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2020» ҷудо намуданд. Дар маҷмӯъ кӯлвори  «Корвони китоб» бо 254 номгӯй китобу ҷузва бо теъдоди 5945 нусха ва ба маблағи 154 934,35 сомонӣ мураттаб гардид.

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2020» баъд аз расонидани кӯлвори китоб ба ноҳияи Дарвоз ба ноҳияи Ванҷ сафар намуд.

Ҳадаф ва моҳияти ин  амал,  пеш аз ҳама,  рушду густариш, баланд бардоштани  савияи дониш, маърифатнокии шаҳрвандон ва тарбияи маънавии  сокинони ҷумҳурӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: